«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад

Май 7, 2018 11:22

 ДУШАНБЕ, 07.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил мегардад, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ — маърифатӣ таҳти унвони «Беҳтарин оилаи ҳунарманд»-ро миёни оилаҳои ҳунарманди кишвар баргузор менамояд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, озмуни мазкур ба муносибати Рӯзи оила ва эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда,  14 майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, озмун дар се марҳила: даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар сатҳи минтақа ва вилоят ва даври сеюм дар сатҳи  ҷумҳурӣ доир мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки озмун аз рӯи шартҳои гуногун, аз қабили саволу ҷавоб, қироати шеър, сароидани суруд, аз ҷумла аллаи модар, иҷрои рақс ва пешниҳоди маҳсули даст баргузор хоҳад шуд.

Ғолибон ва иштирокдорони фаъоли озмун бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамуда сарфароз гардонида мешаванд.

Май 7, 2018 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад