Бинои нави Дидбонгоҳи сарҳадии «Тагноб»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ифтитоҳ ёфт

Май 7, 2018 13:19

 ДУШАНБЕ, 07. 05. 2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 майи соли равон дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон маросими ба истифода додани бинои нави Дидбонгоҳи сарҳадии «Тагноб»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар маросими мазкур Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати маводи мухаддир ва пешгирии ҷиноят дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал, Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хиҷаме Китаока, Раиси ноҳияи Шаҳритус Оймаҳмадзода Рамазон ва дигарон иштирок ва суханронӣ  намуданд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳади нисбатан бештар дорад, ки он зиёда аз 1 ҳазору 344 километрро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз  бо назардошти ин хусусият ба он таҳдидҳо низ ҷой доранд»,- иброз дошт генерал полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ. Зикр гардид, ки зиёд шудани теъдоди қоидавайронкунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади интиқоли маводи мухаддир ҳамчун яке аз омилҳои дар хати сарҳад эҷод шудани бесарусомониҳо арзёбӣ мегардад, ки дар ин замина маблағҳои аз интиқоли маводи мухаддир бадастомада барои дастгирии ташкилотҳои террористӣ равона мегарданд. Аз ин лиҳоз барои пешгирии ин амалҳо ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва бисёрчониба аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати маводи мухаддир ва пешгирии ҷиноят дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал дар навбати худ иброз дошт, ки сохта ба истифода додани бинои замонавии Дидбонгоҳи сарҳадии «Тагноб»  нишондиҳандаи ҳамкории судманди ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Япония ва Раёсати СММ оид ба назорати маводи мухаддир ва пешгирии ҷиноят мебошад.

«Ин ҳамкорӣ барои пешгирӣ ва мустаҳкам намудани сарҳад,  таҳкими бехатарӣ ва амният дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон мебошад. Дар ҳолати муҳайё будани шароити кории хуб дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки вазъияти имрӯзаи он ба  мо маълум аст,  хизмати софдилонаи сарбозону афсарон имконият намедиҳад, ки гурӯҳҳои қочоқбар ва террарист сарҳади давлатиро убур намуда, амният ва бехатарии давлатро халалдор намоянд»,- афзуд Ашита Миттал.

Номбурда дар идомаи суханонаш таъкид кард, ки Раёсати СММ оид ба назорати маводи мухаддир ва пешгирии ҷиноят талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи таъмини амният дар минтақа ва пешгирии амалҳои террористӣ ҷонибдорӣ намуда, дар оянда низ омодаи ҳамкории судманд мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Хаҷиме Китаока низ суханронӣ намуда, чунин ибрози андеша кард: «Вақте масъалаи маблағгузорӣ намудани лоиҳаи сохтмони дидбонгоҳ ба мо расид, ман шахсан ба ин мавзеъ ташриф оварда, аз вазъияти он шинос шудам ва тасмим гирифтам, ки ин кор бояд ҳарчи зудтар ба анҷом расонида шавад. Зеро таъмини амнияти мардум маҳз аз хизмати софдилонаи сарбозони шуҷои Ватан вобаста аст. Ва ин ҳамон вақт ба даст меояд, ки ба онҳо шароити хуби корӣ муҳайё гардида бошад. Масалан агар мо амниятро аз даст диҳем тамоми чизро аз даст медиҳем. Бояд гуфт, ки ин корҳо дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд ва дӯстонаи ҳукуматҳои Япония ва Тоҷикистон амалӣ гардиданд».

Сармуҳандиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азия» Қурбонхон Куканов, ки  корҳои сохтмонӣ аз ҷониби онҳо ба анҷом расонида шуданд, дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки бинои дидбонгоҳ бо маблуғгузории Ҳукумати Япония дар ҳамкорӣ бо Раёсати СММ оид ба назорати маводи мухаддир ва пешгирии ҷиноят бунёд карда шуда, маблағи ҷудогардида 2 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дод.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати бино 485 метри мураббаъ буда, дар он синфхонаи дарсӣ, ҷойи хоб, ошхона, ҳаммом, сартарошхона,  системаи гармидиҳӣ, майдонча барои тамринҳо, ва дигар шароити лозима ба таври замонавӣ муҳайё гардидааст. Аз ҷумла, аз масофаи 1 ҳазору 500 метр аз дарё ба воситаи насосҳои пуриқтидор об оварда, барои ошомидан мутобиқ карда шудааст. Бояд гуфт, ки дар рафти сохтмон то 55 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор таъмин карда шуда, маоши онҳо аз 1000 то 1900 сомониро ташкил медод.

Маврид ба зикри хос аст, ки пас аз маросими ба истифода додани бинои нави дидбонгоҳ чорабинии фарҳангӣ ва ҳарбӣ баргузор карда шуд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар».

Душанбе – Шаҳритус — Душанбе

Май 7, 2018 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард