БО ФАРМОИШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Ҳайати он беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ»-ро муайян месозад

Май 28, 2018 10:46

ДУШАНБЕ, 28.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 майи соли 2018 дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ  ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиш ба имзо расониданд.

Дар асоси ин фармоиш тартиб ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода тасдиқ карда шуданд.

Дар Тартиб ҳадафу мақсад, ваколату вазифаҳои Комиссия, шартҳо ва талаботи озмун ва дигар муқаррарот муайян гардидаанд.

Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 29,0 гектар ҷойгир карда мешавад.

Акси кайҳонии ҷойгиршавии боғ аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода карда шудааст.

Тартиби гузаронидани озмун  ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ дар сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) ва воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ интишор мешаванд.

Дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ ба зиммаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, то 30 сентябри соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди «Барои озмун»  бо суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Ҳусейнзода, 36 ва ё почтаи электронии info@tajsohtmon.tj  пешниҳод намоянд.

 

 

Май 28, 2018 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд