«Centre1.com»: Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли тракторҳоро ифтитоҳ менамоянд
ДУШАНБЕ, 15.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. 15-16 май Президенти Беларус Александр Лукашенко бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон музокирот анҷом дода, як корхонаи истеҳсоли тракторҳоро ифтитоҳ менамояд», — хабар медиҳад хабаргузории «Centre1.com».
Музокироти Сарони ду давлат бо шакли хоса, инчунин бо иштироки ҳайатҳо гузаронида мешавад. Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва кор дар бозорҳои кишварҳои сеюмро баррасӣ мекунанд. Имзои 15 санади дуҷониба ва ифтитоҳи корхонаи банду басти тракторҳои Беларус дар шаҳри Ҳисор дар назар аст.
Ҳамчунин иштироки роҳбарони кишварҳо дар ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанг ва кинои Беларус дар Тоҷикистон ва намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Беларус дар назар аст.
Дар Форуми соҳибкории Беларусу Тоҷикистон дар Душанбе соҳибкорони мамлакатҳои ҳамсоя низ ширкат мекунанд.
Александр Лукашенко ду маротиба (солҳои 2000 ва 2011) бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст.
Дар акс: Александр Лукашенко дар фурудгоҳи Душанбе, 14 майи соли 2018; акси «БелТА»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






