«ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ВОҶИБОТИ ИМОН АСТ». Андешаҳо дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар

Май 28, 2018 10:26

ДУШАНБЕ, 28.05.2018. /АМИТ«Ховар»/. 12 май, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи ҷумҳурӣ доир гардид, ки дар он муҳимтарин   масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ  ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин суханронӣ миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон   ба амал овард.

Дар робита ба  ин  мавзӯъ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом МИРАЛИЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ андешаҳояшро чунин баён намуд:

— Дар арафаи моҳи мубораки Рамазон бо намояндагони ҷомеаи  мамлакат, аз ҷумла, ходимони дин, олимону устодони макотиби олӣ   мулоқот кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯяндаи  он аст, ки тамоми равандҳои манфӣ, падидаҳои номатлуб,  умуман вазъи ноороми ҷаҳони муосир реша дар имон, маънавиёт ва зеҳну андешаи инсонҳо доранд.  Ин нукта дар меҳвари суханронии Президенти муҳтарами мо қарор доштт, ки   онро бо таъбири худогоҳӣ ва худшиносӣ метавон  хулоса кард.

Замони мо замони тағйир ёфтани арзишҳо, дидгоҳҳо мавқеъҳо ва дар ниҳоят ахлоқи суннатии ҷомеа мебошад, ки рӯз то рӯз гуфтугӯи тамаддунҳоро ба бархӯрди тамаддунҳо, ҳамзистии осоиштаи халқҳоро ба рақобату адовати милливу минтақавӣ, инсондӯстиро ба худхоҳиву нафспарастии фардӣ табдил медиҳад. Чуноне, ки Пешвои миллат таъкид карданд «инсон дар 70 — 80 соли охир оламро ба дараҷае тағйир додааст, ки табиат тайи таҳаввули чандинмиллионсолааш ва тамаддуни инсонӣ дар зарфи мавҷудияти беш аз даҳҳазорсолааш чунин дигаргуниро надидааст».

Оре, инсон ҷаҳонро тағйир дода, худаш низ ба тағйирот дучор гардидааст ва имрӯз ин тағйирот бо суръати баланд идома дорад. Арзишҳои некиву бадӣ, адлу инсоф, муҳаббат ба хешону пайвандон, вазифаи ҷамъиятиву шаҳрвандӣ тағйири маънӣ кардаанд. Ҳатто  гуманизм, ки аз давраи эҳёи Аврупо ба ин тараф, чандин садсола, мавриди таваҷҷуҳу пажӯҳиши мутафаккирони бузурги ҷаҳонӣ ва меъёри муносибатҳои иҷтимоиву фардӣ қарор дошт, имрӯз ба гунаи дигар тафсир мешавад. Аз ҳамин сабаб аст, ки «ибтидои ҳазораи сеюм ба сари инсоният моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаҳои бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангиро овард, ки харобиҳои онҳо аз зарари ду ҷанги ҷаҳонии қаблӣ камтар нестанд», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Раванди ҷаҳонишавӣ бо садҳо роҳу васила ба зиндагии мардум ҳуҷум мекунад, на низоми ҷамъиятҳо аз он эмин асту на ҳарими фардҳо. Қудратҳои мухталиф  «илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқи манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ табдил додаанд». Дар чунин вазъият танҳо зиракиву худшиносӣ ва огоҳии комил метавонад ҳар гуна ҷомеа, миллат ва шахсиятро аз хатари гумроҳиву нобудӣ эмин дорад. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи имрӯзаи ҷаҳонро муфассал таҳлил карда, сабабҳову паёмадҳои бархӯрдҳоро бо далелҳои шайъӣ зикр намуданд.

Ин сабабҳо агар аз як тараф ҳисси манфиатҷӯиву зиёдахоҳӣ ва ҷаҳонгирии кишварҳои абарқудрат бошад, аз тарафи дигар ноогоҳиву ғафлати ҷомеаҳои қафомонда, кишварҳои сусттараққикарда ва хушбоварии афроди ноогоҳ аз шеваи инсону чаҳони имрӯз мебошад. Маҳз ба ҳамин сабаб, тавре Пешвои миллат зикр намуданд,  «дар чандин кишвари мусулмоннишин бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд».

Дар ҳамин лаҳзаҳо, ки кӯдакони давлати соҳибистиқлоли мо дар паси мизи мактабҳои ободу муҷаҳҳаз бо воситаҳои пешрафтаи таълим таҳсили илм мекунанд, дар 40 нуқтаи олам бар асари муноқишаҳои дохилӣ хонаҳо, шаҳрҳо, мактабҳо хароб мешаванд ва кӯдакон мемиранд. Танҳо дар ҷанги Сурия 12 ҳазор кӯдак ба ҳалокат расидааст. Аз 800 миллион нафаре, ки бар асари норасоии ғизо нобаҳангом аз зиндагӣ маҳрум мешаванд, 22 ҳазор нафарашон кӯдакон мебошанд.

Бо афзоиши суръати тараққиёти илму тахника паёмади нохуши низоъҳову бархӯрдҳо низ ба маротиб боло рафтааст. Дар ин бора Ҷаноби Олӣ чунин мисол оварданд: «Агар дар асри 17 дар Аврупо дар ҷангу низоъҳои гуногун тақрибан се миллион нафар кушта шуда бошад, дар асри 18 панҷ миллион, садсолаи 19 тақрибан 10 миллион ва дар асри ХХ беш аз 100 миллион нафар одамон ба ҳалокат расидаанд».

Имрӯз бузургтарин хатаре, ки ба ҷомеаи мо таҳдид мекунад, терроризми байналмилалӣ мебошад. Мавқеи ҷуғрофӣ-сиёсӣ ва боигариҳои дастнохӯрдаи табиӣ, аз як тараф, нерӯи кории арзон, ҷавонони хунгарму далер ва мутаассифона, хушбовар, аз тарафи дигар кишвари моро барои қувваҳои муайяни ҷаҳонӣ ҷолиб гардондааст. Агарчи авзои сиёсии Афғонистони ҳамсояву ҳамзабон ва  ҳамдин барои мо намунаи  ибрат аст, боз ҳам барои баъзе афрод сабақ намешавад. Дар ин кишвар аз соли 1978, яъне чил сол боз ҷанги бародаркуш идома дорад. Дар ин муддат чандин қувваҳои мухталифи ҷаҳонӣ ба «кумаку имдод» омаданд, «тадбирҳо» андешиданд, аммо ташаннуҷу нооромӣ ба тарзи мадду ҷазр идома дорад. Ҳар рӯз мардуми бегуноҳ, кӯдакону модарон бераҳмона қурбон мешаванд. Барои мусулмони ҳамагӣ панҷоҳ сол пешина боваркарданӣ нест, ки ин амалҳои террористиро, ки дар ҷойҳои таҷаммӯи муъмину мусулмон, аз ҷумла, дар масҷидҳо рух медиҳанд, қувваҳои ба истилоҳ «муҷоҳид» бе хеҷ гуна шарму ҳаё бар дӯши худ мегиранд, эълом медоранд, ки ин «қаҳрамонӣ»-ро онҳо анҷом додаанд.

Пеши чашмро, ки хун гирифт, инсон ба дарранда табдил меёбад, ҳадафи нахустро, ки баҳри он ба мубориза бархоста буд, дигар фаромӯш мекунад, барои ӯ танҳо ҳамин амал мемонад, ки бояд ҳар лаҳзаву ҳар рӯз анҷом диҳад. Дар он ҷо васила ба ҳадаф табдил ёфтааст, вагарна ба хотири оромиву осоиштагии ҳамватанон ва бақои кишвари худ кайҳо сари мизи гуфтушунид менишастанд.

Вазъияти имрӯзаи Афғонистон ва давлатҳои арабӣ, албатта, ба амнияти кишвари мо таҳдид мекунад, аммо на танҳо аз роҳи сарҳад. Ҳифзи сарҳади ватан бар дӯши давлат аст ва мақомоти масъул ба поси он истодаанд. Ба ҷуз сарҳади хок ватанро сарҳади дигаре ҳам ҳаст, ки он аз ақлу шуур ва имону виҷдони ҳар як шаҳрванд мегузарад. Шоири ватанпарвар, муаллифи Суруди миллии Точикистон Гулназар ба ин маънӣ гуфтааст: «Дили ман ҳамчу хоки кишвари ман сарҳаде дорад». Имрӯз ин сарҳад ба василаҳои мухталифи иттилоотӣ, технологияҳои пешрафтаи ташвиқотӣ мавриди ҳуҷум қарор мегирад. Ҳифзи ин сарҳад танҳо бо худогоҳиву худшиносӣ, зиракии сиёсӣ имконпазир аст. Аммо худогоҳиву худшиносӣ бе огоҳ будан аз ангезаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии бархӯрдҳои ҷаҳонӣ муҳол аст. То ҷаҳони перомуни худро дақиқ нашиносӣ, худро шинохта наметавонӣ.

Ҷаҳони муосир агар, аз як тараф барои рушди фард, истеъдоду қобилиятҳои фардии ӯ шароиту имкониятҳои зиёд фароҳам овардааст, аз тарафи дигар хеле осон метавонад ӯро иҷтимоӣ гардонда, дастхуши манфиатҳои нопоку беинсофонаи гурӯҳҳои муайян созад. Қувваҳои муайяне ҳастанд, ки дар ин росто аз дастовардҳои навтарини илмҳои мухталиф, аз ҷумла, равоншиносӣ, истифода мекунанд, то ба воситаи фардҳои зудбовару ноогоҳ ҷомеаро фурӯ пошида, ба мақсадҳои нопоки худ ба осонӣ даст ёбанд. Ба қавли Мавлавӣ: «Аз раҳи гӯшам адӯ ҳушам бибурд». Маълум аст, ки бунёди ҳама гуна мақсади сиёсатсозӣ манфиатхоҳӣ мебошад.

Дар ҷаҳоне, ки субъектҳои асосиаш давлатҳо мебошанд, дар муборизаҳои бартариятҷӯиву дастболоӣ, пеш аз ҳама, истиқлолияти давлатҳо ҳадаф қарор мегиранд. Зеро давлат аст, ки барои худшиносиву худогоҳии фард ва ҷомеа шароит  фароҳам оварда, бо тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сарватҳои моддиву маънавии миллиро ҳифз намуда, ба ҳаққи худ соҳиб мешавад. Аз ин рӯ, ба қадри истиқлолияти давлатӣ расидан вазифаи сарнавиштсози ҳар фарди ҷомеа мебошад. Истиқлолияту озодӣ ҳамеша бо масъулият ҳамроҳ аст, чун масъулият аз байн рафт, истиқлолу озодӣ пойдор намемонанд. Аз ҳамин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар симои зиёиён, олимон ва ходимони дин ба тамоми мардум муроҷиат карда, таъкид карданд: «Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари дониши аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд».

Ҳисси масъулият дар назди беш аз 9 миллион аҳолии мамлакат, дар назди рӯҳи гузаштагон, ки ин Ватан ва ин мероси гаронбаҳои моддиву маънавии миллиро дар бадали умри худ ба мо гузоштаанд, аз имон бармеояд, чунон ки Паёмбари акрам (с.) фармудаанд: «Дӯст доштани Ватан аз воҷиботи имон аст».

Моҳи Рамазон, ки асоси ҳикмати маънавии онро ғолибияти ақл бар нафс ташкил медиҳад ва моҳи парҳезгорӣ, тазкияи нафс, рӯ овардан ба мабдаи вуҷуд, аслу насаб ва решаҳои шахсияти худ мебошад, беҳтарин маврид аст барои андешидан дар бораи ҷаҳоне, ки моро иҳота кардаасту ба ояндаи мо таъсири бевосита дорад. Ин як марҳилаи мусоиди равонӣ аст барои андешидан сари маънии зиндагии фардиву ҷамъӣ ва тевсеаест баҳри худогоҳиву худшиносии миллӣ.

Мафҳуми гуноҳ дар равони миллати мо хеле коргартар аз мафҳуми ҷиноят ва мафҳуми савоб густурдатар аз мафҳуми «накуӣ» мебошад. Бинобар ин, бо истифода аз ин моҳи муборак ба рӯҳу равони ҷавонону наврасон таъсири нек расондан, онҳоро аз вазъи воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ кардан, ба роҳи рост — роҳи ҳушёриву зиракӣ, худогоҳиву худшиносӣ ҳидоят намудан мавриди мусоид аст. Зеро моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ҳидоят месозад.

Май 28, 2018 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуд