Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ наздик ба 30 масъалаи муҳим баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ, ки дирӯз дар Душанбе доир шуд, наздик ба 30 масъалаи муҳими вобаста ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма Наврӯз Қурбонзода иттилоъ дод.
Тибқи хабари манбаъ, аъзои Шӯрои палатаи болоии Парлумони мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва «Дар бораи маориф»-ро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ 1 қонуни мукаммал — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасии амиқ қарор дода шуданд. Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо ҷонибдории лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд» ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, ҳар кадоми онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз 11 май дар Душанбе баргузор мегардад, шомил намуданд.
Ҳамзамон, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ лоиҳаи қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бозхонд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосия ворид карданд.








Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






