Дар Душанбе амалиёти «Кӯкнор-2018» гузаронида мешавад

Май 19, 2018 09:29

ДУШАНБЕ, 19.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди пойтахт аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2018 дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2018» гузаронида мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, амалиёти мазкур   бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар пойтахт  гузаронида мешавад.

Тибқи қарори мазкур, Ситоди шаҳрӣ оид ба роҳбарӣ, назорату  ҳамоҳангсозии фаъолият барои ташкил ва гузаронидани  амалиёти «Кӯкнор-2018» таъсис ёфта, ҳамчунин Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе,  шуъбаи дуюми Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидаанд, ки дар якҷоягӣ бо Ситоди шаҳрӣ нақшаи кори Ситодро бо мақсади ташкили ҳамкорию ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ   ва  сохторҳои низомӣ таҳия намуда, гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро ҷиҳати муоинаи заминҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис диҳанд.

Дар қарори мазкур ҳамчунин омадааст, ки Ситоди шаҳрӣ аз натиҷаи фаъолият дар давраҳои якум ва дуюми амалиёт то 10 сентябр ва 10 декабри соли 2018 ба Раиси шаҳри Душанбе ва ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намояд.

Май 19, 2018 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд