Дар Душанбе Форуми ҷавонон ҷараён дорад

Май 23, 2018 15:17

ДУШАНБЕ, 23.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, алҳол дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони «Пешвои миллат  — рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо, ҷавонон» ҷараён дорад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода конфронсро  ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки   таваҷҷуҳи махсуси Давлату Ҳукумат ва сиёсати дурандешонаи  Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба  насли ҷавони мамлакат аст, ки   онҳо ба  комёбиҳои беназир мушарраф  мегарданд.

«Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳарактдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ  рӯшан менамояд», — афзуд А.Абдуллозода.

Дар конфронс  мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода изҳор кард, ки   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати ҷавонон ягон масъалаи онҳоро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд.

Дар конфронс ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳадафи асосии сиёсати ҷавонон  ин  муттаҳид сохтани нерӯи созандаи насли ҷавон дар атрофии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири эъмори чомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ   мебошад.

Бояд зикр кард, ки Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баргузор  мегардад.

Конфронси мазкур давоми рӯз ҷараён гирифта, дар кори он роҳбарони ташкилоту идораҳо, ректорони муассисаҳои олии чумҳурӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими ҷавононро мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки аз  соли 1997 ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

 

Май 23, 2018 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад