Дар Душанбе корҳои омодагӣ ҷиҳати ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2018» тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур, истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ мегарданд, дар мавсими таътили тобистонаи соли 2018 дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт гузаронида мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки бо ин мақсад аллакай дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу»-и ноҳияи Варзоб, инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд, корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ оғоз гардида, масъулин вазифадор гардидаанд, ки то 20 майи соли равон иншооти мазкурро барои қабули истироҳаткунандагон пурра омода намоянд.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






