Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои бонуфузи тракторбарорӣ ва мошинсозии Ҷумҳурии Беларус доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 майи соли равон дар майдони МД «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин» дар доираи намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дао Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши маҳсулоти корхонаҳои бонуфузи тракторбарорӣ ва мошинсозии Беларус доир карда шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар намоишгоҳ корхонаҳои бонуфузи тракторбарорӣ ва мошинсозии Ҷумҳурии Беларус, аз қабили «Амкодор», «Гомселмаш», «БелАЗ», «МТЗ» ва «МАЗ» зиёда аз 50 навъи мошинҳои муосири кишоварзӣ, коммуналӣ, сохтмонӣ ва боркашро, ки ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба маъраз гузоштанд. Аз ҷониби ширкатҳои беларусӣ ҳамзамон таври истифодаи комбайнҳои ғаллағундор, пахтачинӣ, хошокғундорӣ, тухмипошакҳои гуногун, таҷҳизоти кишт ва борбардор намоиш дода шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони Палатаи савдо ва саноат, Вазорати кишоварзӣ ва соҳибкорон иштирок намуда, ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи Беларус баҳои баланд доданд.
Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ташкилкунандагони ин намоиш мебошанд, дар маросими ифтитоҳи он доир ба аҳамияти истифодаи ин техникаҳо зикр карданд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо барои дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни кори намоиш соҳибкорони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки бо маҳсулоти гуногуни корхонаҳои Ҷумҳурии Беларус аз наздик шинос шуда, бевосита аз намояндагони ширкатҳо доир ба самтҳои истифодаи онҳо машваратҳои судманд гиранд ва ҳамчунин баҳри рушди тиҷорати худ маҳсулоти дилхоҳ интихоб намоянд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Душанбе то рӯзи 23 майи соли равон идома меёбад.























ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад






