Дар Китобхонаи миллӣ маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» доир гардид

Май 18, 2018 15:33

ДУШАНБЕ, 18.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Адибон аз рӯзҳои аввали расидан ба Ваҳдати миллӣ дар паҳлӯи Пешвои миллат ва аз тараннумгарони ин арзиши воло буданд. Ин нукта дар маҳфили «Адибони ваҳдатсаро», ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид, таъкид шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маҳфили мазкур шоирону адибони саршиноси кишвар, аз ҷумла шоирони халқӣ Гулназар, Камол Насрулло, Назри Яздон, шоир Сафармуҳаммад Аюбӣ, шоира Рудоба ва дигар шоирони ҷавон иштирок доштанд.

Шоири халқӣ Гулназар ваҳдатро арзишмандтарин дастоварди солҳои соҳибистиқлолӣ арзёбӣ карда, ёдоварӣ намуд, ки дар қалби шоирони замон захмҳои дардноки солҳои нооромии кишвар то ҳол мушоҳида мегарданд ва албатта, ин ҳама дардҳо дар эъҷодиёти онҳо асар гузоштааст. Ӯ ба шукргузорӣ аз ваҳдат даъват карда, гуфт, ки месазад онро ҳарчи бештар ситоиш кард.

Камол Насрулло, шоири халқӣ ва барандаи ҷоизаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар мавриди муҷассамаи ваҳдат сухан карда, суол гузошт, ки агар он тасвир карда шавад, чӣ гуна симо метавонад дошта бошад? Пасон бо қироати шеъри тозаэҷоди «Симои ваҳдат» ба ин суоли худ посух дод:

Ваҳдати миллӣ ҳамин симои ӯст,

Дасту пойи ӯ, қаду болои ӯст.

Ваҳдати миллӣ ҳамин тамкини ӯст,

Сабри беҳад, тоқати сангини ӯст.

Ваҳдати миллӣ ҳамин эҳсони ӯст,

Ҳиммати ӯ, нанги ӯ, виҷдони ӯст.

Ваҳдати мо акси бебокии ӯст,

Хайри ӯ, некии ӯ, покии ӯст.

Ҳиммате, ки душманонро дӯст кард,

Миллатеро дар каме ҳампӯст кард.

Ваҳдати миллӣ фурӯғ андар тан аст,

Пеши дарёро ба сина бастан аст.

Куҳро кандан ба нохунҳо, ба чанг,

Равшанӣ берун баровардан зи санг,

Рехтан аз ҷисми худ, аз ҷони худ,

Хиштҳои қалъаи имони худ,

Кардан аз хоки тан эҳёи Ватан,

Аз сари худ фарру фардои Ватан.

Ваҳдати миллист агар ишқи ватан,

Мефурӯзонад туро дар ҷону тан.

Он гаҳе аз бостон то осмон,

Шӯълавар гардад вуҷуди тоҷикон.

Ваҳдати миллӣ ҳамин иқдоми ӯст,

Ваҳдати миллӣ худи ӯ, номи ӯст.

Ваҳдати миллӣ ҳамин имони мост,

Сурати Эмомалӣ Раҳмони мост.

Дар маҳфил ҳамчунин гуфта шуд, ки адибон аз рӯзҳои аввали расидан ба Ваҳдати миллӣ дар паҳлӯи Пешвои миллат ва аз тараннумгарони ин арзиши воло буданд. Сарвари давлат низ нақши онҳоро басо муҳим арзёбӣ карда, пайваста бо онҳо дидору мулоқот анҷом медиҳанд ва бо андешаву ақидаҳои онҳо ошно мегарданд.

Май 18, 2018 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт