Дар шаҳри Нанкин ҷаласаи 28-уми пленарии Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм доир гардид

Май 29, 2018 14:23

ДУШАНБЕ, 29.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 26 майи соли 2018 дар ш. Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи 28-уми пленарии Гурӯҳи АвруОсиё (ГАО) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории ташкилоти мазкур баргузор гардид.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа ҳайатҳои давлатҳо-аъзои ГАО, аз ҷумла, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, инчунин намояндагони як қатор кишварҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар ГАО мақоми мушоҳидро соҳиб мебошанд, ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи пленарӣ як зумра масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ дар қатори дигар масъалаҳо натиҷаи баҳодиҳии тарафайни низоми МҚД/МТ-и Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ гардид.

Ҷумҳурии Қирғизистон нахустин давлате мебошад, ки аз давраи дуюми баҳодиҳии тарафайн мутобиқи стандартҳои нави Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) гузаштааст.

Мутобиқи тартиботи гузаронидани баҳодиҳии тарафайни ГАО Ҷумҳурии Қирғизистон вазифадор гардид, ки дар ҷаласаи 30-юми пленарии ГАО, ки моҳҳои май-июни соли 2019 баргузор хоҳад гашт, ҳисоботро оид ба пешрафт манзур намояд. Пас аз анҷом ёфтани тартиботи ФАТФ оид ба таҳлили сифат ва мутобиқатӣ Ҳисобот оид ба натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Қирғизистон дар сомонаи ГАО ҷойгир карда мешавад.

Бино ба иттилои БМТ, инчунин аз 21 то 23 май ҷаласаи гурӯҳҳои кории Ҷаласаи 11-уми Шӯрои роҳбарони воҳидҳои кашшофии молиявии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Дар ҷаласаҳо намояндагони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа як қатор қарорҳо, ки ба фаъолияти амалии ояндаи Шӯро тааллуқ доранд, ба имзо расиданд. Дар ҷаласаи Шӯрои мазкур бори нахуст Мақомоти кашшофии молиявии Ӯзбекистон, ки ба наздикӣ ба узвият пазируфта шуданд, иштирок намуданд.

 

Май 29, 2018 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид