Дар вилояти Суғд хотири шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонро пос доштанд
ХУҶАНД. 09.05.2018. /АМИТ “Ховар”/. — Дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида ба 73-юмин солгарди Ғалаба бар фашизм тантанаи пуршукӯҳ баргузор гардид.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиши идона наздик ба 60 нафар иштирокдорони ин набард ва меҳнаткашони ақибгоҳ, инчунин собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар шаҳри Хуҷанд, сарбозону афсарони гарнизони ҳарбии Суғд ва сокинони маркази вилоят иштирок намуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки алъон дар вилояти Суғд 101 нафар дар қайд буда, аз онҳо 7 нафарашон, ки яке зан мебошад, дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд иқомат доранд. Инчунин дар қайди Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят 4 нафар ҳамсарони бесаробонмонда ва 467 нафар шахсони дар ақибгоҳ хизматкарда низ мебошанд, ки ҳамаи онҳо дар арафаи таҷлили ҷашни мазкур бо кумакпулиҳои Президенти кишвар ва мақомоти вилоятиву шаҳрию ноҳиявӣ бархӯрдор гаштаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






