Дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маркази маориф, илм ва фарҳанги Беларус таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 15.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маркази маориф, илм ва фарҳанги Беларус дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар ин бора имрӯз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко зимни изҳороти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуд.
«Бояд зикр кард, ки ба роҳ мондани истеҳсоли трактору мошинҳо хуб аст, зеро аз табодули мол албатта иқтисодиёт рушд мекунад. Аммо аз ин ҳам муҳимтар омода кардани мутахассисон дар ин самт мебошад, — гуфт Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко. Агар мо дар ин самтҳо мутахассисон омода накунем, ягон оҳан ба мо кумак карда наметавонад».
Дар иртибот Президенти Ҷумҳурии Беларус пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт дастгирӣ карда, иброз намуд, ки ҷониби Беларус омода аст мутахассисонро дар худи Тоҷикистон тайёр кунад.
Ҳамчунин Александр Лукашенко изҳори умед намуд, ки созишномаҳои дар доираи ин чорабиниҳо баимзорасида ба таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ мусоидат менамоянд.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






