Дурнамои Иттиҳоди Аврупо оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он

Май 3, 2018 09:57

ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати баландпояи Иттиҳоди Аврупо дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат  бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3-4 майи соли 2018 таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат меварзад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, Иттиҳоди Аврупо дар ҳошияи Конфронс як вохӯрии иловагиро барои баррасии дурнамои Иттиҳод оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он ташкил мекунад.

Конфронси мазкур имрӯз дар Китобхонаи милли Тоҷикистон баргузор гардида, онро Ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо терроризм Жил де Кершов ифтитоҳ хоҳад кард.

 

 

 

Май 3, 2018 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад