Фирдавс Саидзода муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид

Май 30, 2018 10:52

ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Қурбон Тағай 24 майи соли равон аз мансаби ишғолнамудааш бо хоҳиши худ озод  гардид. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами  Эмомалӣ аз 29  май ба ин мансаб  Саидзода Фирдавс Ҳамро  таъйин  шуд. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,    аз ин пеш Фирдавс Саидзода дар вазифаи  директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе фаъолият дошт.

Бо қарори дигари Раиси шаҳр аз 29 май  Давлатов Ҷумахон Бегович муваққатан иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:

Муовини Раиси шаҳри Душанбе   Фирдавс Саидзода   9 июли соли 1971   дар  ноҳияи  Мир Саид  Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон  таваллуд шуда,  соли 1991 Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон бо номи академик М.С.Осимиро  бо  ихтисоси  иқтисодиёт ва ташкили нақлиёти автомобилӣ  хатм намудааст. Номбурда  фаъолияти кориашро аз ҳамин ноҳия оғоз намуда, солҳои 1993-1995 дар вазифаи сардори шуъбаи нақлиётии Иттиҳодияи мусофиркашонӣ ва  солҳои 1995-1997 сардори шуъбаи Иттиҳодияи ҷумҳуриявии терминалҳои мусофиркашонии Вазорати  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома додааст. Мавсуф солҳои минбаъда дар вазифаҳои сардори шуъбаи истифодаи Ҷамъияти саҳҳомии «Пассажиртранс»-и шаҳри Душанбе (с.1997-2000), муовини сардори Корхонаи воҳиди давлатии нақлиёти автомобилии мусофиркашонии №1-и шаҳри Душанбе (с.2000-2007), сардори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии  «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе (с. 2007-2008), директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии  «Автобус-1»-и шаҳри Душанбе (с. 2008-2013), директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (с. 2013-2015), директори  Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» (с. 2015-2017) ва  директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (с. 2017-2018)   кор кардааст.

Май 30, 2018 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд