Хуҷанд: 7 нафар иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва 32 заҳматкаши ақибгоҳ аёдат карда шуданд
ДУШАНБЕ. 08.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм 73 сол пур мешавад. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати иҷтимоию ғамхоронаи худ ба табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус пиронсолону собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон кумакҳои моливу моддӣ мерасонанд.
Тавре аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имсол низ чун солҳои қаблӣ дар арафаи Иди Ғалаба иштирокдорон ва собиқадорон аз ғамхориҳои Президенти мамлакат бенасиб намонданд.
Дирӯз сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзода ҳамроҳ бо раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 7 нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон аз шаҳри Хуҷандро аёдат намуда, кумакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маблағи 4000 сомонӣ, кумакпулиҳои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба маблағи 1500 сомонӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба маблағи 1200 сомонӣ тақдим намуданд.
Ҳамзамон дар ин рӯз ба 32 нафар заҳматкашони дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон фаъолиятдошта кумакҳои якдафъаинаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 2200 сомонӣ супорида шуд.








Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд






