Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти Прокуратура ва Палатаи ҳисоб

Май 11, 2018 16:16

ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрҳоеро, ки дар мақомоти Прокуратура ва Палатаи ҳисоб ба вазифаҳои масъулу сатҳи роҳбарӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Прокуророни шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Темурмалик, Вахш, Шамсиддини Шоҳин ва муовини прокурори вилояти Хатлон, прокуророни ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва прокурори ноҳияи Рашт аз ҳисоби мутахассисони ҷавону ботаҷриба таъйин карда шуданд. Дар дастгоҳи марказии Палатаи ҳисоб – сараудиторон ва дар дигар вазифаҳои сатҳи роҳбарии ин мақомот низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба вазифаи Сараудитор таъйин намудани Салимзода Собир ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Муҳаммад муовини Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” таъйин гардид.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо кадрҳое, ки аксарият ҷавону корозмудаанд, таъкид намуданд, ки пайваста омӯзанд, донишу маҳорати касбӣ ва малакаи роҳбарии худро сайқал диҳанд, ба иҷрои вазифа ва масъулияти ба зиммадоштаашон бо ҳисси баланди масъулият ва поквиҷдонона муносибат намоянд, сазовори эҳтироми мардум гардида, ба давлату миллат хизмати содиқона намоянд.

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти Прокуратура ва Палатаи ҳисоб 11.05.2018

Май 11, 2018 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»