Имрӯз муовини Раиси Кумитаи доимии парлумони Чин Алекен Еминбахэ ба Тоҷикистон меояд

Май 23, 2018 07:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз,  23 май,  муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  дар назар аст, ки  Алекен Еминбахэ  бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот  намояд.

Тибқи иттилои манбаъ, инчунин муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ  аз   майдони  «Дӯстӣ»,  Боғи Устод Рӯдакӣ,  Маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маркази барқу гармдиҳии «Душанбе-2» ва мавзеъҳои зебоманзари  ноҳияи Варзоб дидан менамоянд.

Узви КМ Ҳизби Коммунистии Чин Алекен Еминбахэ соли 1953 таваллуд шуда, миллаташ уйғур мебошад  ва феълан вазифаи муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии (парлумони) Ҷумҳурии Мардумии Чинро иҷро менамояд.

 

Май 23, 2018 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад