Имрӯз нахустин автобуси Тоҷикистон ба шаҳри Тошканд ворид гардид

Май 16, 2018 15:18

ТОШКАНД, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рафтуомади дуҷонибаи шаҳрвандон аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев буд, ки даҳаи аввали моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид ва дар амал татбиқ карда шуд.

Гувоҳи натиҷаи ин мулоқот дар он аст, ки имрӯз, 16 май нахустин автобуси ширкати «Asian Express Terminal» — и Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР аз шаҳри Тошканд хабар медиҳад, ба ҳайати Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон бо нону намак ва садои карнаю сурнай истиқбол гирифтанд. Ба ҳайати Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон сафар намуд, намояндагони Вазорати нақлиёти ҶТ, илму адаб ва рӯзноманигорон шомил мебошанд. Раиси маркази миллӣ-мадании тоҷикони Ӯзбекистон Шарофат Эрматова ҳайати Тоҷикистонро ба Тошканд хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки рушди муносиботи ду кишвар хеле назаррас мебошад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, дирӯз, 15 май аввалин автобусҳои ширкати «Манзара Туризм»-и Ӯзбекистон вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуда, ҳайати меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии он дидан намуданд.

Директори нақлиёти ширкати «Осиё Гурӯҳ Тоҷикистон» Султон Саломов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изброз дошт, ки ин нахустин автобус дар хатсайри байналмилалии Хуҷанд-Тошканд мебошад, ки инак вориди пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд шуд ва минбаъд мунтазам фаъолит мекунад. «Дар оянда дигар хатсайрҳо, ба монанди Хуҷанд-Конибодом-Қуқанд, Панҷакент-Самарқанд, Душанбе-Термиз, Душанбе -Деҳнав ва Душанбе-Самарқанд-Бухоро ба роҳ монда мешаванд», — иттилоъ дод С. Саломов.

Ба гуфтаи масъулин, ҳоло нархи роҳкиро аз ҳарду ҷониб 50 сомонӣ муқаррар гардидааст. Ҳар рӯз аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 2 — маротиба хатсайр ба роҳ монда шудааст, ки яке соати 8 субҳ ва дигаре соати 12 ба роҳ мебароянд.

«Албатта теъдоди автобусҳо бо назардошти шумораи мусофирон зиёд карда мешавад, — афзуд Султон Саломов. Зеро рафтуомади мусофирон, интиқол ва гардиши мол ва рушди тиҷорат аз зумраи он самтҳое мебошанд, ки ба беҳтар гардидани некӯаҳволии аҳолии ҳарду мамлакат мусоидат мекунанд ва барои инҳо тамоми заминаҳои хуқуқи фароҳам оварда шудаанд».

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар доираи сафар ҳамчунин аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Тошканд дидан менамоянд.

Май 16, 2018 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад