Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба

Май 9, 2018 09:58

ДУШАНБЕ, 09.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 73 — юмин солгарди ғалаба бар фашизм ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузоштанд. Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуда буд.

Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии сарбозон ба маросими гулчанбаргузорӣ гузориш дод. Баъди садои суруди миллӣ дар назди гулхани абадӣ ба поси хотири шаҳидони роҳи ғалаба гулчанбарҳо гузошта шуд. Маросими бошукӯҳи гулчанбаргузорӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Парлумони кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва собиқадорони ҷангу меҳнат сурат гирифт.

Нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони роҳи ғалабаро пос доштанд. Мавриди зикр аст, ки шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон барои ба даст овардани ғалабаи бузург намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Ба муносибати рӯзи ғалаба инчунин гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, Сафорат ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузошта шуд.

Хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд. Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати бобарори иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд. Дар рӯзҳои иди ғалаба ва дигар ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба онҳо кумакҳои моддӣ расонда мешавад.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар Боғи ғалабаи пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018

Май 9, 2018 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд