Исрофкорӣ ва саривақт напардохтани ҳаққи об боиси қарздор гардидани Корхонаи фаръии обу коррези шаҳри Хоруғ дар назди ширкати «Помирэнерҷӣ» гаштааст

Май 19, 2018 10:56

 ХОРУҒ, 19.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо оғоз ёфтани мавсими обёрии замини наздиҳавлигӣ ва боғу гулгаштҳои атрофи хона дастрасии як гурӯҳ сокинони шаҳри Хоруғ ба оби ошомиданӣ маҳдуд гардид.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар робита ба ҳалли масъалаи мазкур дар назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ҷаласаи фаврӣ баргузор гардид. Раиси вилоят гуфт, ки бештари сокинони атрофи хиёбони ба номи Шириншо Шоҳтемур солҳо боз аз оби чашмаи табии маҳаллаи Хуфак истифода мебаранд. Чанд соли охир ба сабаби гармшавии иқлим сатҳи оби чашма бамаротиб паст шудааст. Инро ба инобат гирифта, бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони хати интиқоли об аз ҷамоати Сучон ба шаҳри Хоруғ оғоз гардида, ду соли пеш дар ҳузури Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аммо шабакаҳои обрасонии шаҳр дар аввали солҳои шастум васл шудаанд ва имрӯз куҳнаву фарсуда гардида, аз меъёр зиёди об ба манзили сокинон намерасад. Бинобар ин бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ  марҳила ба марҳила тамоми шабакаҳои обрасонӣ ва ташноб дар ояндаи наздик иваз карда мешаванд. Баъд аз ин тадбир мушкили беобӣ аз байн бардошта мешавад. Барои анҷоми ин корҳо маблағи муайян ҷудо гардид. Аммо агар сокинони шаҳр обро сарфакорона истифода набаранд ва нисбат ба ин неъмати бебаҳои табиат беҳурматӣ зоҳир намоянд, имкон дорад, ки боз бо камбудии норасоии об рӯ ба рӯ гарданд.

Сардори корхонаи обу коррезии вилоят Дусталӣ Худоёров зикр намуд, ки дар чанд соли охир даҳҳо хонавода худсарона қубурҳои обгузарро ба қубури асосии чашмаи Хуфак пайваст карда, замину боғҳои наздиҳавлигии худро обёрӣ мекунанд, ки дар натиҷа фишори об паст шуда, сокинони хонаҳои баландошёнаро аз оби ошомиданӣ маҳрум месозанд. Аз 22 адад қубурҳои пайвастгардидаи ин маҳалла танҳо яктоаш бо ҳисобкунаки обченкунӣ таъмин аст. Ба таври шабонарузӣ истифода кардани қубури об барои обмонии боғоту полез яке аз сабабҳои асосии оби нушокӣ дар хиёбони марказии Шириншоҳ Шоҳтемур ба ҳисоб меравад.

Дусталӣ Худоёров иттилоъ дод, ки ба ҳисоби мутахассисони соҳа талаботи умумии аҳолии шаҳр дар як шабонарӯз ба 8 ҳазор метри кубӣ баробар аст, дар ҳоле ки ҳамарӯза 13 ҳазор метри кубӣ об ба маҳаллаҳои шаҳр интиқол дода мешавад. Илова бар ин 4 насоси обкашӣ шабонарӯз фаъолият мекунад. Аз ҳисоби танҳо 1 насоси интиқоли об корхонаи мазкур бояд дар як моҳ  15 ҳазор сомониро пардохт намояд. Мавсуф пешниҳод кард, ки дар манзилу ҳавлиҳо, корхонаву муассисаҳо васл кардани ҳисобкунакҳо зарур мебошад ва дар хатҳои асосии интиқоли об таҷҳизоти обченкунӣ насб карда, мутобиқи он аз аҳолӣ, корхонаву муассисаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ  маблағ ҷамъоварӣ гардад.

Қарздории корхонаи обу коррезии шаҳри Хоруғ дар назди ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» то якуми майи соли равон 1 миллиону 937 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед қобилияти пардохтпазирии сокинони шаҳрро таҳлил намуда, гуфт, ки ҳар моҳ ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» дуввуним миллион сомонӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро аз ҳисоби идораву муассисаҳо ва хоҷагиҳои шахсӣ ҷамъоварӣ менамояд, аммо корхонаи обу коррезӣ ҳаққи истифодаи обро танҳо ба андозаи то 150 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ менамояд, ки ин миқдори маблағ дар муқоиса ба нақшаи пешбинишуда кам мебошад. Дар асл тавоноӣ ва  имконияти корхона дар давоми сол 2,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он ба андозаи танҳо 1,6 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ мешавад. Дар ин зимн гуфта шуд, ки агар фаъолияти меҳмонхонаҳову ошхонаҳо ва ҳаммому нуқтаҳои мошиншуӣ аз рӯи адолати пардохти ҳаққи истифодаи об мавриди назар қарор дода шавад, онҳо дар як моҳ то 50 сомонӣ маблағи истифодаи обро пардохт менамоянд, ки ин маблағи хеле кам аст. Ҳамчунин афроде, ки оби ошомиданиро барои корҳои полезӣ истифода мебаранд, маблағи истифодаи обро дар ҳаҷми то 15 сомонӣ дар як моҳ месупоранд, ки ин омил яке  аз далелҳои аслии қарздор шудани  корхонаи обу ташноби шаҳр ба шумор меравад.

Корхонаи обу коррезии вилоят супориш гирифт, ки аз ин баъд маблағи ҳаққи истифодаи обро дар асоси меъёрҳои давлатӣ ҷамъоварӣ намуда, барои коҳиш додани қарз дар назди ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» аз тамоми имконоти молию техникӣ истифода барад.

Файз МИРАСАН,

АМИТ «Ховар»

Май 19, 2018 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад