Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайр Маҳмуд Ҳаят мулоқот анҷом дод

Май 29, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 29.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрўз Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров  бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайр Маҳмуд Ҳаят ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот анҷом дод. 

Тавре аз дастгоҳи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои  вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи таъмини амниятии тарафҳо, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, вазъи кунунӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, дигар масоили марбут ба амнияти минтақа мавриди табодули афкор сурат гирифтанд.

Мулоқот дар фазои дўстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳам ҳамкориҳои дуҷонибаро тақвият мебахшанд.

Май 29, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад