«ЛОНА»-И УМЕДИ ДАРМОНДАГОНУ ЭҲТИЁҶМАНДОН. Кӯмаки навбатии Фонди хайрия ба мактабу интернати Душанбе ва Хонаи пиронсолону маъюбони Турсунзода
ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави ташаббусҳои созанда ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фонди хайрияи «Лона» дар ҳамкорӣ бо Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб тибқи дархости масъулини мактаб-интернати рақами 1 ба тарбиятгирандагони ин муассиса -кӯдакони ятим кумак ироа намуд.
Ин кумакҳо аз теъдоди муайяни мошинаи дарздӯзӣ, парпечкунандаи матоъ, чойник барои нигоҳ доштани оби гарм, пойафзол, либосҳои сабук, дарзмоли буғӣ бо миз ва тафдони барқӣ иборат мебошанд. Тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсони хайрхоҳу саховатманд, хусусан аз Фонди хайрияи «Лона», ки ба онҳо мунтазам кумак мерасонад, сипосгузоранд.
Мавриди зикр аст, ки дар мактаб-интернати рақами 1-и пойтахт дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 бо дастгирии Фонди хайрияи «Лона» маркази дӯзандагӣ бо василаҳои дарздӯзӣ таъмин карда шуд ва акнун хонандагони ин муассиса дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс нозукиҳои касби чевариро аз худ менамоянд.
Ҳамзамон ҳамин гуна кумак аз ҷониби Фонди хайрияи «Лона» ба тарбиятгирандони мактаб-интернати таҳсилоти асосии рақами 4-и шаҳри Душанбе низ расонида шуд. Хонандагони ин муассисаи таълимӣ аз кумакҳои беғаразонаи фонди мазкур, ки фарогири маводи хӯрока — орд, равған, шакар, гӯшт, инчунин пойафзол, лавозимоти варзишӣ, телевизор, чойник барои нигоҳдории оби гарм, таҷҳизоти замонавӣ барои тамиз намудани хобгоҳи мактаб-интернат, маҷмӯи лавозимот барои ошхона ва таъмири он, гилем барои роҳрави муассиса буд, хушҳол гардиданд.
Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Фонди «Лона» Ҷӯрахон Бобохонов иброз дошт, ки маҳфили ҳунарҳои зебои хонандагони мактаб-интернати таҳсилоти асосии рақами 4-и шаҳри Душанбе пурра бо дастгирии Фонди хайрияи «Лона» аз таъмир бароварда шуда, бо ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардид. Ҳамзамон маҳфили дӯзандагии ин муассиса таҳти назорати кормандони Фонди мазкур қарор дорад.
Масъулини Фонди хайрияи «Лона» дар доираи фаъолияти хайриявии худ ба аёдати бошандагони Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода рафта, ба онҳо аробачаҳои маъюбӣ, асобағал, телевизор, хӯрока, доруворӣ ва либос кумак намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Фонди хайрияи «Лона» соли 2009 бо ибтикору дастгирии Озода Раҳмон таъсис ёфта, дар муддати начандон тӯлонии фаъолияташ ҷиҳати ёрии амалӣ ба наврасони мубталои бемориҳои саратон корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст. Табобати чунин беморон душвор буда, хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Тибқи муқаррароти оинномааш, мақсаду мароми асосии Фонди хайрияи «Лона» кумаку дастгирии тифлону наврасони мубтало ба бемориҳои саратон ва баданашон сӯхта аз оилаҳои ниёзманд, ҷиҳати ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани онҳо мебошад. Директори «Лона» Ҷурахон Бобохонов изҳор намуд, ки Фонди хайрияи «Лона» воқеан ба лонаи умеди дармондагону эҳтиёҷмандон ва эътимоду боварии онҳо ба ояндаи нек гаштааст.
«Лона» ҳамкории самарабахшро бо ташкилоту муассисаҳои гуногун, аз ҷумла бо шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тақвият бахшидааст. Дар заминаи ҳамкорӣ ба шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ доруворӣ ва таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид гардид, ки ҳамаи ин ба беҳдошти вазъи саломатии беморон нигаронида шудааст.
Беш аз ҳазор нафар наврасони гирифтори бемории саратон аз кумаку дастгирии беғаразонаи Фонди хайрияи «Лона» баҳравар гардидаанд. Барои табобати онҳо миқдори зарурии доруворӣ ва дигар маводи лозима кумак расонида шуд. Ин нафарони ранҷур аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буда, барои чунин ёрии беғаразона аз кормандони Фонд сипосгузоранд. Ҳамчунин садҳо нафар наврасони баданашон бо сабабҳои гуногун сӯхта дар бемористони клиникии рақами сеюми шаҳри Душанбе бо дастгирии ҳамаҷонибаи Фонди мазкур шифо ёфтаанд.
Кормандони Фонди хайрияи «Лона» инчунин барномаю иқдомҳои гуногуни хайриявӣ, аз ҷумла «Табассум», «Нигоҳи меҳр»-ро роҳандозӣ намуда, тавассути онҳо ба беморон кумак мерасонанд.
Фонди хайрияи «Лона» дар оянда тасмим дорад, ки доираи фаъолияти башардӯстонаи худро васеътар намуда, дар тамоми минтақаҳои кишвар ба эҳтиёҷмандон аз рӯи имкон кумак расонад. Дар ин амали нек баҳри амалӣ гаштани ин иқдоми хайрхоҳона Фонд ба дастгирии ширкату корхонаҳо, ташкилоту муассиса ва соҳибкорону шахсони саховатпеша умед мебандад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».


















Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ному осори Абуалӣ ибни Сино боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






