Маркази миллии тестӣ дар чор минтақаи ҷумҳурӣ маъмурони имтиҳонӣ омода мекунад

Май 15, 2018 11:57

ДУШАНБЕ, 15.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019, бо мақсади омода намудани маъмурони имтиҳонӣ дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд бо шумораи 65 нафар иштирокдор давраи 1-уми семинар-машварати омӯзишӣ барои омода кардани кормандони муваққатӣ ҷиҳати гузаронидани ИМД-2018 баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, семинар-машварат аз 15 то 16 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе барои намояндагони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз 18 то 19 май дар шаҳри Хуҷанд барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Кӯлоб барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва дар шаҳри Бохтар барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории семинар-машварати омӯзишӣ барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасонро омода намудааст.

Май 15, 2018 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад