Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 21.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 21 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири ҷумҳурӣ, аъзои Ҳукумат ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат масъалаҳои рафти иҷрои қонуну қарорҳо, дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар, тадбирҳои муҳими омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷагирии мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, инчунин иҷрои корҳои хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон баррасӣ гардида, оид ба амалӣ сохтани онҳо гузориши Сарвазир ва роҳбарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ шунида шуд.
Бо дарназардошти пуштибонии амиқи мардум аз талошу тадбирҳои ояндадори роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷагирии мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолони ҷомеа баҳри ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини зиндагии сазовори мардум ба роҳ монда шудааст, аз ин рӯ Президенти мамлакат дастур доданд, ки оид ба татбиқи саривақтии онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






