Меҳрона Ғайбуллоева ва Ҷаннат Ҳусейнзода бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода чанд нафар аз ҷавонони соҳибистеъдодро, ки дар тарғиби санъату фарҳанги тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов Меҳрона Ғайбуллоева барои иштирок дар озмуни байналмилалии «Ту беҳтарин!» («Ты супер!») дар Федератсияи Россия бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардид.
Меҳрона аз даври якуми озмуни мазкур бо муваффақият гузашта, дар даври дуюм низ дар сатҳи баланд суруд хонд ва ба даври нимниҳоии озмуни «Ту беҳтарин!» роҳ ёфт.
Ҷаннат Ҳусейнзода, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ бо истеъдоди фавқулодаи пианинонавозӣ ва эҷоди асарҳои мусиқӣ шинохта шудааст, барои ғолибият дар озмуни «Истеъдодҳои ҷавон — 2018», ки бахшида ба 80-солагии композитори маъруфи тоҷик Миратулло Атоев баргузор гардида буд, сазовори Ифтихорнома гардид.
Қобили зикр аст, моҳи декабри соли 2017 дар дафтари кории Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин барномаи консертии Ҷаннати 12-сола дар силсилаи «Нӯҳ нотаи сеҳрофар» баргузор гардида буд. Консерти навбатии ӯ дар силсилаи мазкур охири моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат хоҳад гирифт.
Ҳамчунин ба донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов Нисо Рустамова, Муҳаммад Ниёзов, Чоршанбе Аловатов ва Шаҳром Некматов низ барои ғолибият дар озмуни «Истеъдодҳои ҷавон — 2018» Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






