Модели нави рушди Тоҷикистон дар қиёс бо модели қаблӣ дорои бартариҳост

Май 10, 2018 16:19

ДУШАНБЕ, 10.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои амалиётро ҷиҳати гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодӣ муайян менамояд». Ин нуктаро муовини аввали Раиси Маҷлиси намоянагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуҷаббор Азизӣ дар соати парлумонӣ, ки дар мавзӯи «Истифодаи усулҳои муосири арзёбии стратегияву барномаҳои қабулгардидаи рушд ва маблағгузории барномавӣ аз рӯи натиҷа ва самаранокии онҳо» доир гардид, зикр намуд.

Гуфта шуд, ки дар марҳилаи минбаъдаи рушд дар мамлакат гузариш ба сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба сармояи инсонӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷиву дохилӣ барои рушди минбаъда амалӣ карда мешавад. Таъкид гардид, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин муҳлат гузариш ба модели нави рушд, ки дар асоси ҷалбу истифодаи васеи сармояи дохиливу хориҷӣ тағйироти сохтории иқтисодиёт, тақвияти рушди институтсионалӣ ва неруи инсониро роҳандозӣ менамояд, муҳим аст, зеро иҷрои ин вазифаҳо шарти асосии татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки модели нав дар қиёс бо модели қаблӣ  дорои бартариҳост. Аз ҷумла, модели нав рушди босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявиро таъмин намуда, ба бозорҳои нави содиротӣ роҳ мекушояд, воридоти истеъмолиро маҳдуд сохта, вобастагии кишварро аз маблағҳои интиқолӣ коҳиш медиҳад. Дар натиҷа ба ташкили васеи ҷойҳои нави кори пурмаҳсул ва рушди шуғли расмӣ мусоидат карда, ба афзоиши ҳиссаи андозҳои дохилӣ дар қисмати даромади буҷети давлатӣ оварда мерасонад.

Ҳамзамон дар «соати парлумонӣ» Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода низ сухан кард. Таъкид шуд, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» самтҳои фароҳам овардани шароитҳои умумии рушдро бо назардошти ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва таҳкими равандҳои инкишофи иқтисоди миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузориҳо, рушди неруи инсонӣ тавассути афзоиши аҳолии бо сатҳи зиндагии миёна ҳамчун пешбарандаи ҷомеа ва дар маҷмӯъ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар тадбирҳои мушаххас пешбинӣ менамояд.

 

 

Май 10, 2018 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад