Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев
ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ки самтҳои афзалиятноки сиёсӣ, иқтисодӣ, обу энергетика ва нақлиётию транзитиро дар бар мегирад, барои таҳкиму густариши онҳо ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои дуҷонибаро зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд ва рушди иқтисодии кишварҳо, дар оянда бояд баҳри татбиқи лоиҳаҳои муҳиму стратегӣ, аз қабили бунёди роҳҳои оҳану мошингард, амалӣ кардани лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла лоиҳаи СASA-1000 ва дигар бахшҳои асосӣ талошҳои муштаракро ба роҳ монад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди робитаҳои мустақим дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг ва дигар бахшҳои судмандро муҳокима карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳо вобаста ба муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, баррасӣ карда шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






