Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Томас Гремингер
ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро дар ҷодаи таҳкими ҳамкории муштарак ва таъмини сулҳу субот, амният ва рафоҳати фарогир иброз доштанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуъи масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи сарҳадот, хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир, ки дар сархаташон терроризму экстремизм, тундгароии хушунатомез ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ меистанд, инчунин муборизаи муштарак бар зидди дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон мутобиқ ба принсипҳои САҲА ҷиҳати решакан кардани терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ хоҳони ҳамкорӣ мебошад ва мавқеи кишвари мо дар ин масъала кушоду равшан ва орӣ аз “меъёрҳои дугона” аст.
Изҳори умед карда шуд, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд САҲА дар самти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи сарҳадоти мо, таҳкими ҳамкориҳо дар ченакҳои иқтисодию муҳити зист ва инсонӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла рафъи камбизоатӣ, мусоидати фаъол менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба фазои бонизоми сиёсӣ дар Тоҷикистон, озодбаёнӣ, фаъолияти муназзами иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ақаллиятҳои миллӣ ва иттифоқҳои касаба табодули андеша сурат гирифт.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






