Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни мулоқоти судманду самимӣ Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки имрӯз ҳамкориҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳоли рӯ ба рушд қарор дошта, изҳори итминон кард, ки дар ояндаи наздик ин равобит ба сатҳи сифатан нав ворид мегардад.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар идомаи суҳбат афзуд, ки аз замони барқарории муносиботи дипломатӣ то имрӯз ҳамкории дӯстона ва равобити мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тақвият ёфта, хусусияти шарики стратегиро касб кардааст.
«Пешравии ҳамкориҳои ду кишвар, бешубҳа, самараи сиёсати давлатии оқилонаи сарони кишварҳои мо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Тсзин Пин ва ҳамкории сатҳи баланд ва дӯстии наздики онҳо мебошад», -гуфт Ш.Зуҳуров дар тақвияти гуфтаҳои мазкур.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
Хотиррасон менамоем, ки мулоқоти Алекен Еминбахэ ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар назар дошта шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, инчунин муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ аз майдони «Дӯстӣ», Боғи Устод Рӯдакӣ, Маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маркази барқу гармдиҳии «Душанбе-2» ва мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Варзоб дидан менамоянд.








Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд






