Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Душанбе

Май 3, 2018 09:39

ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 2 майи соли 2018 дар остонаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат  бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон  Мубашар Ҷовид Акбар баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм табодули назар намуданд.

Ҳамчунин, 2 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини вазири корҳои хориҷии Умон  Муҳаммад Ал-Зарафӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Марокаш Абдулҷалил Саубри, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат  бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ташриф оварданд, мулоқот кард.

Дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Умон Муҳаммад Ал-Зарафӣ таъкид гардид, ки ҷиҳати фаъол намудани равобити судманд, танзими табодули сафарҳо дар сатҳҳои гуногун ва ҳамкории намояндагиҳои дипломатии ду кишвар мувофиқи мақсад мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ, туризм баррасӣ намуда, ба зарурати тақвияти пояи шартномавию ҳуқуқӣ миёни ду кишвар таъкид намуданд.

Зимни мулоқоти Сироҷидин Аслов ва  Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Марокаш  Абдулҷалил Саубри ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Марокашро дар заминаҳои гуногун баррасӣ гардиданд

Май 3, 2018 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул таҷлил намуданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд
Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд