ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ 35 дараҷа гармӣ дар назар аст

Май 9, 2018 08:31

ДУШАНБЕ, 09.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, ҳарорат то 35 дараҷа гармӣ мерасад.

Имрӯз, 9 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +9 +14 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +6 +11 ва рӯзона +20 +25 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, ҳарорат шабона +13 +18 ва рӯзона +30 +35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона +10 +15 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм  мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +30 +32 дараҷа ва шабона +11 +13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Май 9, 2018 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш