Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» довталабонро интизор аст!

Май 24, 2018 16:35

ДУШАНБЕ, 24.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади  ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, аз худ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва ҳамзамон ҷиҳати иҷрои  нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», Нақшаи кори Шӯрои миллӣ  оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 тасмим гирифтааст, ки  аз  2 апрел то 29 июни соли 2018 Озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро  таҳти шиори «Ҷавонон — созандагони Ватан»  баргузор намояд.

Тавре аз Муассисаи мазкур ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, иштирокчиён ва ғолибони Озмун бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ  мешаванд.

Лоиҳаҳое, ки  ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, аз ҷиҳати ҳадаф ва муҳтавои худ муҳим арзёбӣ мешаванд, дар   Интернет-портали миллии инноватсионӣ www.innovation.tj  ва дигар сомонаҳои дахлдор ҷиҳати муаррифӣ ба ҷомеа бо мақсади дарёфти сармоя барои  татбиқи амалии  онҳо  ҷойгир карда мешаванд.

Дар баробари ин, маълумоти мазкур бевосита ба шарикони рушд ва бахши хусусӣ (корхона ва ширкатҳои истеҳсолию хизматрасон) муаррифӣ  мегардад.

 

 

Май 24, 2018 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад