ПАГОҲ ҶАСАДИ БОЗОР СОБИР БА ТОҶИКИСТОН ОВАРДА МЕШАВАД

Май 13, 2018 17:58

ДУШАНБЕ, 13.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасади шоири маъруф Бозор Собир рӯзи душанбе, 14 майи соли 2018 ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Ҷанозаи марҳум Бозор Собир рӯзи 14 майи соли 2018, соати 11:00 дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (суроға: ш. Душанбе, кӯч.Шодмонӣ, 58) баргузор мегардад.

Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир баъди ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супорида мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки Бозор Собир субҳи 1 майи соли 2018, баъди бемории вазнин, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтл (ИМА) дар синни 79-солагӣ  аз дунё даргузашт.

Май 13, 2018 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад