Пагоҳ навбати аввали корхонаи муштараки васлкунии техникаи кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор ифтитоҳ мегардад
ДУШАНБЕ, 15.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 16 майи соли равон навбати аввали корхонаи муштараки васлкунии техникаи кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор, ки тирамоҳи соли равон пурра ба кор медарояд, ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора имрӯз зимни изҳороти матбуотии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко хабар дода шуд.
Роҳбарони ҳарду давлат изҳор доштанд, ки миёни ду кишвари дӯст Тоҷикистону Беларус имкониятҳои васеъ барои ҳамкории саноатӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ширӣ, қоғаз, саноати нафту кимиё, инчунин истеҳсоли трансформаторҳо ва техникаҳои светодиодӣ мавҷуданд.
Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Маҷмааи агросаноатӣ, соҳаи саноати мошинсозӣ, истеҳсоли доруворӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ аз ҷониби мо ҳамчун самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ муайян карда шудаанд».
Ҳамчунин гуфта шуд, ки сарони ҳарду давлат доир ба зарурати ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои болозикр ва бо ин мақсад ҳавасманд гардонидани ҳамгироӣ байни минтақаҳо ва доираҳои соҳибкории ду давлат ҳамфикр буданд.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






