Президенти мамлакат: «Тоҷикистон нисбат ба вазъияти кунунӣ дар Афғонистони дӯсту ҳамсоя бетафовут буда наметавонад»

Май 4, 2018 15:18

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ (зиёда аз 1400 километр) дорад, нисбат ба вазъияти кунунӣ дар ин кишвари дӯсту ҳамсоя, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоли он бетафовут буда наметавонад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки имрӯз дар Душанбе ба кори худ оғоз кард, тазаккур доданд.

Дар иртибот Пешвои миллат зикр намуданд, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, зарурати ҳалли бетаъхири мушкилоти кишвари ҳамсоя — Афғонистонро батакрор таъкид мекард.

«Вақт нишон дод, ки ҳама он ҳушдорҳои мо воқеӣ будаанд, — иброз доштанд Сарвари давлат ва изҳори нигаронӣ намуданд, ки натиҷаи беэътиноии сиёсист, ки мушкилоти онвақта имрӯз ба хатару таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтанд».

Дар идома Президенти мамлакат афзуданд, ки танҳо баъди амалҳои террористии даҳшатовари 11 сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк карда, таваҷҷуҳи худро ба он равона намуданд. Аммо ин падидаи номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб карда, пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил гардид.

Ба андешаи Пешвои миллат, далели ин гуфтаҳо он аст, ки агар солҳои қаблӣ дар Афғонистон дар қатори ҷангҷӯёни ҳаракати “Толибон” намояндагони ҳамагӣ 15 кишвар мушоҳида мешуданд, ҳоло дар сафҳои созмони ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҷангидани шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат таъйид шудааст. Аз рӯи маълумоти дастрас, шумораи ҷангиёни гурӯҳҳои террористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгир буданд, то 100 ҳазор нафар мерасид. Дар натиҷаи амалиётҳои зиддитеррористӣ як қисми онҳо нобуд карда шуданд.

Мавриди таъкид аст, ки баъди амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Сурия ва Ироқ аъзои гурӯҳҳои алоҳидаи экстремистиву террористӣ ба давлати Афғонистон омада, қаламрави онро ба майдони ҳарбу зарби терроризми байналмилалӣ табдил додаанд.

«Вусъатёбии фаъолияти чунин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмони ба ном “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Толибон” ва монанди инҳо илова ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи он боиси нигаронии амиқи мо гардидааст», — изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин Сарвари давлат таъкид карданд, ки Тоҷикистон саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ намуда, расонидани кумакҳои саривақтиро ба мардуми Афғонистон, бахусус, дар давраи даҳсолаи гузариш дар Афғонистон (солҳои 2015-2024) дар чаҳорчӯби ҳама гуна муколамаву ҳамоишҳои мавҷуда амри муҳим меҳисобад.

Май 4, 2018 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад