Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузошт

Май 15, 2018 15:33

ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти  Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко 15 майи соли равон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф овард.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Президенти Ҷумҳурии Беларус ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

 

Май 15, 2018 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд