Рӯзҳои кинои Беларус дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 14.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 май дар Хонаи кино ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Беларус дар Тоҷикистон доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттиломи манбаъ, дар расми ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Беларус, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов доир ба ҳамкории киностудияи «Тоҷикфилм» ва «Беларусфилм» дар гузашта ва дар бораи нақшаҳои оянда, инчунин дар бораи дӯстиву бародарии мардуми ду кишвар сухан ронд.
Директори генералии «Киностудияи миллии Беларусфилм» Михаил Карачевский дар навбати худ ба мардуми тоҷик барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, дар бораи мавҷудияти созишнома оид ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ҳарф зад. Ӯ иброз дошт, ки минбаъд ҳамкорӣ бояд дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким ёбад.
Дар идома Михаил Карачевский ҳозиринро бо фаъолияти «Киностудияи миллии Беларусфилм» ошно намуда, чунин зикр кард: «Мо дар як сол 5-6 филми ҳунарӣ, 10-15 филми анниматсионӣ ва 10-12 филми ҳуҷҷатӣ ба навор мегирем. Дар баробари ин мо кӯшиш мекунем, ки бо киностудияҳои шахсӣ рақобатпазир бошем».
Пас аз маросими ифтитоҳ ба аҳли нишаст филми «Нақш дар об» («Следы на воде»), ки ба 100-солагии Милитсияи Беларус бахшида шудааст, намоиш дода шуд. Филми мазкур соли 2017 бо супориши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус ва дастгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус ба навор гирифта шуда, дар бораи воқеаҳои солҳои баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Беларус нақл мекунад.








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






