Раиси шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки молиявӣ мерасонад

Май 2, 2018 14:51

ДУШАНБЕ, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони ҶБВ қарори марбута ба имзо расонд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки тибқи ин қарор, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 720 ҳазору 300 сомонӣ ҷудо намояд. Дар асоси қарори мазкур ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ-и солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида ба ҳар кадоме 1500 сомонӣ кумаки якдафъаина расонида мешавад. Инчнуин ба шахсони дар давраи ҶБВ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҶБВ дар ақибгоҳ коркарда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба андозаи 800 сомонӣ кумаки молиявӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе расонида мешавад.

Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки то 4 май маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, ки дар пойтахт истиқомат мекунанд, зимни аёдати шахсӣ дар манзилҳояшон бо тантана аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супоранд. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе гузошта шудааст.

Май 2, 2018 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд