Рустами Эмомалӣ бо Хаджиме Китаока мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хаджиме Китаока мулоқот намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Япония мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ва Япония дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба мебошанд.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки тайи 26 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Ҷониби Япония дар татбиқу навсозии як зумра лоиҳаҳо дар Душанбе, аз ҷумла, таъмиру навсозии муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, роҳҳо, таъмини як силсила муассисаҳои нигоҳдории тандурустӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, дастгоҳҳои барқдиҳандаи офтобӣ, навсозию муҷаҳҳазгардонии терминали борбарӣ ва хатҳои ҳавоии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе саҳмгузорӣ кардааст.
Ҳарду ҷониб манфиатдории худро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Япония, аз ҷумла, дар соҳаи татбиқи технологияҳои муосир, тандурустӣ, хоҷагии коммуналӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногун таъкид намуданд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ гардиданд.









Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






