Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Саудӣ мулоқот намуд

Май 30, 2018 15:45

ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ “Ховар”/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ Одил Мирдод мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст  баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ аз нишонаҳои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба ҳарду ҷониб омодагии худро ба густариши робитаҳо, аз ҷумла, дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг ва саёҳат таъкид доштанд.

Май 30, 2018 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад