Сайёҳӣ — муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллист
ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.
Дар ин ҳамоиш, ки «Нақши мутахассисони ҷавон дар инкишофи соҳаи сайёҳӣ» унвон дошт, намояндагони кумитаҳои фавқулзикр, устодон ва донишҷӯёни шуъбаи саёҳат ва меҳмондории факултети фарҳангшиносӣ иштирок доштанд.
Дар ҷамъомад ноиби ректор оид ба корҳои илм ва робитаҳои байналмилалии донишкада Раҷабмад Амиров перомуни дастовардҳои соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуда, зикр кард, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол такони ҷиддӣ мебахшад.
Мавсуф тазаккур дод, ки барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин як силсилачораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.
Инчунин сармутахассиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Бобоева иброз дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ ва танзими давлатии соҳа беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
Ба гуфтаи Беҳрӯз Абдуллоев, намоянда аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Номбурда афзуд, ки маҳсулоти ҳунармандӣ ва намудҳои фарҳанги суннатӣ яке аз василаҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар маҳсуб ёфта, сарзамини мо бо табиати дилошӯбу фарҳанги нотакрораш ҳазорон сайёҳу дӯстдорони табиатро ҳамасола ба худ ҷалб менамояд.
Иштирокдорони семинар-машварат аз он изҳори хушҳолӣ намуданд, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст. Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






