Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон: 17 май – рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон

Май 8, 2018 10:26

ДУШАНБЕ, 08.05.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии  Тоҷикистон, имсол моҳи шарифи Рамазон 17 майи соли 2018 (баробар ба 1438 ҳиҷрӣ — қамарӣ), ки ба рӯзи панҷшанбе рост меояд, шурӯъ хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, ки рӯзи 29-уми моҳи шаъбон, мутобиқ ба 15 майи соли 2018 соати 16:48 ҳодисаи “Моҳи нав” рух медиҳад, ки дар ин вақт имкон надорад, то дар уфуқ моҳ мушоҳида шавад. Аз ин лиҳоз, моҳи шаъбон 30 рӯз ҳисобида шуда, 16 май ба анҷом мерасад ва 17 май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.

Ёдовар мешавем, ки давомнокии моҳи Рамазон иборат аз 30 рӯз буда, 15 июни соли 2018 ба охир мерасад. Ҳамин минвол, Иди Рамазон 16 июни соли 2018 баргузор хоҳад шуд, ки ба рӯзи шанбе рост меояд.

Май 8, 2018 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд