Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД иштирок кард
ДУШАНБЕ, 24.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. 23 май дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Остона ҷаласаи вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар доираи хурд ва васеъ баргузор гардид, ки дар кори он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо иштирок намуд. Дар ин ҷаласа масъалаҳои вобаста ба таҳдид ва хатарҳои амнияти мудофиавӣ дар манотиқи кишварҳои аъзо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре сомонаи расмии СААД иттилоъ медиҳад, дар рафти ҷаласа ҳамчунин як зумра масъалаҳои вобаста ба амнияти мудофиавӣ, омодакунии кадрҳо, ташкили неруҳои муштарак муҳокима гардида, дар поёни он нақшаи ба таври муштарак ташкил намудани раёсати идоракунӣ, неруҳову воситаҳои амнияти дастаҷамъии СААД дар соли равон ва нақшаи машварати намояндагони давлатҳои аъзо оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, аминият ва мудофиа дар соли оянда тартиб дода шуд.
Хотиррасон менамоем, ки шартнома дар барои амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон имзо шуда, имрӯз давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон аъзои СААД мебошанд.









Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид






