Ширкати IRS: Дар рӯзҳои боронӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе–Чаноқ бояд дучанд эҳтиёт кард!

Май 19, 2018 12:11

ДУШАНБЕ, 19.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Боридани  беист ва шадиди борон  рӯзҳои охир дар роҳи Душанбе–Чаноқ сабаби сар задани ҳар гуна офатҳои табиӣ, аз ҷумла,  ҳолатҳои зиёди сангфароӣ, лағжиши кӯҳпора ва омадани сел гардид. Чунин ҳолат бештар   дар  километри 85 то 157-уми роҳи мазкур ба вуқӯъ омад, ки он  сарбории  кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки нигоҳдории роҳи мазкурро ба зимма доранд, дучанд афзуд.

Тавре аз маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагони ин ширкат  бо мақсади бартараф намудани  оқибатҳои ин офатҳои табиӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи мазкур тадбирҳои  фаврию зарурӣ меандешанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳатто шабона низ кормандони филиали Ширкат баҳри бартараф намудани монеаҳои мавҷуда камари ҳиммат баста, 181 адад  техникаву механизмҳои он дар ҳолати корӣ қарор доранд ва ба бартараф намудани оқибати ин офатҳои табиӣ машғуланд.

Ба ғайр аз ин хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат бо шумораи  48 701 10 20 фаъол аст, ки тавассути он тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина  таъҷилан  баррасӣ мегарданд.

Бояд гуфт, ки роҳи Душанбе–Чаноқ аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон гузашта, дар муқоиса бо дигар роҳҳои  мамлакат аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла, тармафароӣ, лағжидани кӯҳпора, сангфароӣ ва омадани сел зиёдтар осебпазир аст.

Филиали Ширкати саҳҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи  ронандагон ва мусофирон хоҳиш менамояд, ки махсусан дар рӯзҳои боронӣ бояд дучанд эҳтиёт кунанд. Ронандагон  пеш аз  баромадан ба сафар  мошинҳои  худро пурра аз назорати техникӣ гузаронда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намоянд ва ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Май 19, 2018 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад