Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро тақвият мебахшанд. Дар ин росто, 4 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориро ба тасвиб расониданд.
Фаррух Ҳамрализода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро дар Парлумон шарҳ дода, зикр намуд, ки ҳадафи он танзими ҳуқуқии ҳамкории сармоягузорӣ байни ду кишвар мебошад. Дар асоси ин санад Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кӯшиш менамоянд, ки барои ҳавасмандгардонии сармоягузории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ҳимояти онҳо бо истифода аз қонунгузориҳои миллии худ шароити мусоидро фароҳам оварда, кафолати фаъолияти сармоягузоронро ҳимоя ва таъмин намоянд. Инчунин тибқи санади мазкур, ҳарду давлат интиқоли озоди маблағҳои сармоягузорони якдигарро кафолат медиҳанд.
Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки 9 марти соли равон дар Душанбе дар ҷараёни сафари давлатии ПрезидентиҶумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, 10 сол муҳлати эътибор дорад. Бо гузашти даҳ сол муҳлати эътибори он тамдид карда мешавад.








Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






