Тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов барои намоиши либосҳои тоҷикӣ ба Бухоро меравад

Май 24, 2018 13:07

ДУШАНБЕ, 24.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тарроҳи машҳури тоҷик Хуршед Сатторов ин навбат Тоҷикистонро дар 17- умин фестивали анъанавии «Абрешим ва пироҳан», ки  аз 26 то 28 майи соли равон  дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон  баргузор мегардад, муаррифӣ менамояд.

Тавре Хуршед Сатторов ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд, дар ҷараёни ин сафар,  ба ҷумҳурии ҳамсоя ӯ дар ду чорабинии намоиши либос ширкат меварзад.

«Ба ғайр аз иштирок дар ду намоиши либос,  дар алоҳидагӣ маҷмӯаи либосҳои тарҳрезикардаи баҳории худро, ки  аз  кӯлоҳҳо ва сарбандҳо   иборатанд, зери унвони «Духтарони дарбор» ба намоиш мегузорам. Ба ин васила, бо пешниҳоди ин  маҷмӯа  мехоҳам нишон диҳам, ки    миллати  тоҷик тоҷ бар сар, яъне аз қадим  соҳибдавлат буд. Ин маҷмӯаи либосҳо бозгӯи таърихи кӯҳан ва фарҳанги пурғановати тоҷик мебошанд»,- гуфт Хуршед Сатторов.

Ба иттилои номбурда, ҳамчунин як зумра ҳунармандони ҷумҳурӣ  дар ин фестивал иштирок намуда, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумиро  ба намоиш мегузоранд.

Хотиррасон мешавем, ки дар фестивали мазкур  гурӯҳҳои фолклорӣ ҳунарнамоӣ карда, ҳамчунин  намунаи бозиҳои шавқовари миллӣ, навъҳои гуногуни санъати миллӣ ва  муди либос аз  маҷмӯаи  тарроҳони  машҳури  ИДМ  пешниҳоди иштиокдорон  мегардад. Мақсад аз баргузории фестивали мазкур ҳифзу нигоҳдошти мероси пурғановати фарҳангӣ, аз ҷумла, ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли  наққошӣ, заргарӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ ва ғайраҳо  мебошад.

Май 24, 2018 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад