Тасаллияти Пешвои миллат ба наздикону пайвандони шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир
ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 1 майи соли 2018 соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуданд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст.
Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст.
Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ- Бозор Собир то абад дар ёди мардум боқӣ хоҳад монд».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд






