Тасдиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Парлумони мамлакат

Май 11, 2018 16:52

ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон  ҷаласаи шашуми  якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум  доир гардид, ки дар он Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13  ва 19 январи соли 2018 марбут ба тағйироти кадрӣ  тасдиқ  гардиданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ҷаласаи муштараки  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон  иттилоъ дод, ки Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода тавзеҳ дод.

Ҳамин тариқ бо қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани  Қурбониён Абдусалом  Карим, аз вазифаи  Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодозии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҷаббой Аҳмадзода, бинобар ба кори дигар гузаштанаш, аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани   Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш тасдиқ гардиданд.

Ҳамзамон аъзои палатаи болоӣ ва вакилони  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 19 январи соли 2018 дар бораи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, дар бораи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани  Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ва дар бораи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани  Ҳакимзода Қурбонро тасдиқ намуданд.

Май 11, 2018 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад